Исфара

Исфара
публичная страница
19814 подписчика
Группа Исфара размещена в разделе Блогер. Официальный домен/сайт isfarajoniman.
Блокировка

Нет ограничений

Видимость

открытое

Верификация

Сообщество не верифицировано администрацией ВКонтакте

Популярность

У сообщества нет огня Прометея

ID

138542296

Домен

isfarajoniman

Название

Исфара

Статус

Хуш омадед!🥳Аз ед набароред дустонатонро таклиф намоед)😉🤗

Описание

Тип

публичная страница

Возрастное ограничение

16+

Тематика

Блогер

Стена

ограниченная

Сайт

не указан

Подписчики
19814 подписчика

Записи сообщества

ПИРИ КОР ВА МАРДИ МАЙДОНИ МЕҲНАТ ЗИНДАГИЕ БАРОИ ИБРАТ Ба ҳамагон маълум аст, ки Исфара яке аз шаҳрҳои қадима ва ободу зебои сарзамини Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, таърихи хеле бою рангин дорад. Исфара бо деҳаҳои зебо, конҳои фоиданок, қаторкӯҳҳои рангину дилфиреб, табиату обҳои шифобахшу мусаффо, зардолуҳои ширину болаззат ва бо халқи меҳнатдӯсту хоксору сабуру саховатпешаю меҳмоннавозаш шӯҳрат пайдо кардааст... Мардуми Исфарамарз қариб ҳама хештаншиносу ватандӯстанд ва ҳамаи онҳо новобаста аз мушкилии давру замон то дами марг, барои ободии Ватану ҷамъият хизмат мекунанд... Нисфи шаб аст. Ақрабаки соат кайҳо аз 1- шаб гузаштааст. Мардуми меҳнаткаши Тоҷикистон кайҳо дар хоби нозанд. Имрӯз ҳавои Исфарамарз тира асту боди сусте мевазад. Моҳ равшанӣ намекунад, чун ҳоло сари тобистон - сари моҳи июн аст. Моҳ мисли арӯси нозанини навхонадоршуда, худро пинҳон кардааст. Ситораҳо ҳам имрӯз чашмак намезананд, онҳо ҳам дар пишти абрҳо пинҳон шудаанд. Боде аз талу теппаҳо вориди маҳалла шуда, барги дарахтонро якояк ба рақс даъват мекунад ва аз серҳаракативу серҷунбишии барги дарахтони зардолу, бештар овози ҷунбишу рақси барги дарахтони зардолу ба гӯш мерасад. Бод буйи гулу гиёҳу буттаҳои кӯҳиро ба димоғ мерасонад. Гирду атрофи деҳа пур аз саганд ва онҳо бонавбат аккос мезананд. Ав- ави сагони деҳа гурбаҳоро гурезондааст, ки қариб дар деҳа аз сабаби зиёд будани сагон гурба дида намешавад. Чир - чири малахҳо ҳам, аз ҳар гӯшае ба гӯш мерасад. Об оҳиста дар канали худҷорӣ ҳаракат мекунад ва дар болои он хасу хошок шино мекунанд . Қурбоққае вақ - вақкунон худро ба даруни канал мепартояд , гӯё оббозӣ карда истода бошад... Дар ин нимаи шаб, дар шаби торик марди миёнқади гандумгун ва паҳлавонсифату китфони фарохдошта дар лаби канал танҳо бо фикру хаёли хеш дудастдарпишт фикркунон оҳиста - оҳиста қадамзанон бо равиши об ба пеш мерафт. Риши сафеди бобои нуронӣ дар ин нимаи шаб ҷило медоду медурахшид, гӯё роҳи боборо дар нимаи шаб равшан карда истода бошад. Бобо дар сар тоқӣ, дар бар шиму костюму куртаи пахтагин ва дар миён миёнбанде доштанд. Сарулибоси бобо шинаму тоза буд. Одаме, ки боборо медид, зуд пай мебурд, ки бобо Раиси Колхоз ё Раиси ягон маконанд... Раисбобо ба дарёи фикру андешаҳо ғарқ шуда буданд... Сабаб чи бошад, ки ҳама мардум истироҳат карда хоб мераванду ин муйсафеди нуронӣ, ки синну солашон аз синни нафақа гузаштааст, хоб нарафта, танҳо дар дашти беоб, дар байни заминҳои шӯрзадаю санглох, хорзору сербутта, чуқуриву чақарӣ зуд - зуд ба сангҳои хурду калон пешпо хӯрда - пешпо хӯрда обро ронда ё посбонӣ карда мегарданд? Магар ба ҷойи ин бобо каси дигар нест? Ё боборо ягон кас маҷбур мекунад? Ё бори гарони зиндагӣ боборо пир карда бошаду ҳоло синну солашон ба нафақа нарасида бошад? Чаро ин бобои нуронӣ ба фикру андеша фурӯ рафтаанд? Ё фарзанд надошта бошанд? Эҳ зиндагӣ, зиндагӣ... Афсӯс, ки мо ҳама чизро намедонам ва ягон ҳолатро дида, зуд дуруст пешгӯйӣ карда ҳам наметавонем... Ин бобои нуронӣ - Абдусамад Шомирсаидованд. Раисбоборо тамоми ҷумҳурӣ мешинохт, аммо ғоибан. Он замон мардуми тоҷик интернету телефонро кам истифода мебурданд ва барои ҳама дастрас ҳам набуд. Аксҳои Раисбоборо танҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳо ё тариқи оинаи нилгун одамон медиданд. Мардум Абдусамад Шомирсаидовро "Раисбобо, Ҳоҷибобо, Раис-Шомирсаидов" - гуфта, муроҷиат мекарданд. Бештари умри Ҳоҷибобо дар Кӯҳистони Мастчоҳ гузаштааст ва мардуми он минтақа ба Ҳоҷибобо ҳурмату эҳтироми хоссае дорад. Ҳоҷибобо собиқадори меҳнат, ходими намоёни давлативу ҷамъиятӣ, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995), иштирокчии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, беш аз 40 сол ба ҳайси роҳбари зинаҳои гуногун, бо меҳнати софдилонаю пурмаҳсул ба халқу Ватан хизмат намудаанд ва хизматҳояшон бо ордени "Дӯстии халқҳо" , медалҳо, унвони "Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва даҳҳо ифтихорнома қадр шудааст. Ҳоло бошад, Ҳоҷибобо пири кор шуда, бо тариқи ҳашар бо кӯмаки соҳибкорон канали оби худҷории Моҳпариро канда, ба пешвози Президент омодагӣ дида истодаанд. Ҳоҷибобо чанд рӯз хоб нарафта, обро бо канали худҷории Моҳпарӣ ба пеш бурда истодаанд, то он заминҳои шӯрзадаю санглоху бекорхобида ба заминҳои корию обӣ мубаддал гардад. Масъулияти баланд дар гардани Ҳоҷибобо хобидааст, барои ҳамин эшон имрӯз хоб нарафта, ба гӯшаи фикру андеша фурӯ рафтаанд...Ҳоҷибобо ҳамаи корҳоро нақшагузорӣ карда, ба пешвози Президент тайёрии ҷиддие медиданд. Аккоси сагони гирду атрофи деҳа паст мешавад, садои ҳашаротҳо ҳам оҳиста гум мешавад. Аз дуре кам - кам ав- ав-и сагон бо овози пасте ба гӯш мерасад. Тӯдаи парандагон, майнаҳо ба дарахте омада мешинанду ба "шақа-шақа" шурӯъ мекунанд ва ин садои парандагон Ҳоҷибоборо аз ғарқи дарёи фикру андешаҳо наҷот медиҳад. Қариб вақти намози бомдод шудааст. Ҳоҷибобо ба лаби канал фаромада, бо оби хунук сару дасту рӯйи худро мешӯянд ва миёнбанди худро аз миён гирифта, бо он дасту рӯйи худро пок мекунанд ва тезтар ба сӯйи қаровулхона(посбонгоҳ) - е, ки техникаҳо дар он ҷо нигоҳ дошта мешуд, ҳаракат мекунанд. Субҳ медамад. Нури офтоб нав аз паси кӯҳи баланд намудор шуда буд ва деҳаи торик дарҳол ранги дигар гирифта, аввал кабуд ва баъд аз як зум тамоман равшан гашт. Сукути томро гоҳ - гоҳ ҳангаси хар ва ё маъоси хиррии гову гӯсолаҳо халалдор мекунад. Ба ҳар тараф нигоҳ кунӣ, аз дуру наздик аз мӯриҳо дуд мебарояд. Буйи саргини сӯхтаистода ва гулу гиёҳи кӯҳиӣ ба машом мерасад. Мардуми меҳнаткаши қишлоқ ҳама саҳархезанд. Субҳ як накҳати зебое дорад ва баракати субҳ ҳам дигар аст. Ҳоло, ки моҳи июн аст, ҳама аз субҳи солеҳон аз пайи зардолуҷамкунию зардолухушкунианд. Бачаҳо кайҳо бузу гӯсфандони худро ба ёнаҳои кӯҳ ба чаро сар додаанд. Дар ин маҳаллаи навтаъсис акнун аҳолӣ зиёд шуда истодаасту талаботи мардум низ ба об зиёд шуда истодааст. Барои ҳамин Раисбобо тӯли чанд сол нақшагузорӣ карда, бо тариқи ҳашар канали худҷорӣ канда истодаанд, то камбудии мардум андаке бошад ҳам, кам шуда бошад... Раисбобо ба қаровулхона омаданд ва ба пешвозашон соҳибкор ва қаровул бо табассуму нигоҳи гарме баромад. Онҳо бо якдигар салом карда, барои наҳорӣ ба қаровулхона ворид шуданд. Дастархони хоксорона аз нону чой ва қанд иборат буд. Аз гулӯи эшон танҳо чойи гарм гузашт. Раисбобо ба соат нигоҳе карда, аз қаровулхона берун баромаданд. Раисбобо ҳоло раиси шаҳри Исфара - Раҳмоналӣ Амировро интизор буданд, ки аз дур мошини раиси шаҳр намудор шуд ва Раисбобо боз аз қаровулхона якчанд қадам пеш монданд. Нурҳои офтобе, ки кайҳо аз паси кӯҳи баланд баромада буд, рост ба рӯю чашми Раисбобо мезад. Раисбобо бо нуги пои худ ба замин тап - тап зада, бо ангуштони худ бозӣ мекарданд. Ҳамин дам мошин ба назди қаровулхона омода истоду хомӯш шуд ва аз он раиси шаҳр - Раҳмоналӣ Амиров фаромаданд. Раисбобо ба пешвоз ба сӯйи мошин наздиктар омаданд ва онҳо бо ҳам оғӯшсалом карданду хеле аз ҳолу аҳволи якдигар пурсон шуданд, гӯё чанд муддати дароз бо ҳам вонахӯрда бошанд. Раиси шаҳр аз рафти кор пурсон шуда, ҳарду сӯҳбаткунон вориди қаровулхона шуданд...(давом дорад). Худованд сафи чунин мардони асилу шуҷоъву хештаншиносу ватандӯстро зиёд кунад ва ба умру зиндагии Эшон баракату накӯномиҳо ато фармояд ! Аз даргоҳи Худованди Карим талаб мекунем, ки Худованд умри Ҳоҷибоборо дароз кунаду танашонро солим нигоҳ дорад ва моро ҳам ба чунин синну солу мартаба бирасонад! Омин Ё Раббал Оламин! Исмоилов Ҳабибаллоҳ. Шаҳри Исфара - 04.08.2021

Обу ҳавои тоза 😋 Оши палови Модар бо тухму гӯшти гӯсфанду сирпиёз❤️

ЛАҲЗАҲОИ САРДУ САХТИ БАНДАГӢ , БЕБАҚОЮ БЕВАФОИ ЗИНДАГӢ !!! *** *** *** Бар сари қабрат нишона аз чӣ монем Ховарӣ? Дидаи ғамбору ашки хунфишони додарӣ ! ҶАВОНМАРДУ САХОВАТПЕШАИ ВОРУХ - ХОВАР РУСТАМОВ , КИ СОЛЕ ҚАБЛ ПИСАРИ АЗИЗАШ , МУБОРИЗИ 16 -СОЛАРО АЗ ДАСТ ДОДА БУД , АЗ ДОРУЛФАНО БА ДОРУЛБАҚО РАХТИ САФАР НАМУД . Аз даргаҳи Яздони пок ба пайвандонаш сабри ҷамил хоста , ба фардои охиратободиаш даст ба дуо мебардорем.

Цена газа: Таджикистан 6,5с Узбекистан 1,8с Билет Мск-Самарканд 7тыс.руб Мск-Душанбе 29тыс.руб

Имруз боз як калби инсони хуб Нозимчон сардухтури беморхонаи Чорку аз задан монд.Колу лилохи ва илайхи рочиун.Худованд рахматию чаннати карда бошад омин.

Ана бенид тапак заниа ру ба фоидаш будас молисиян офтобаканда 😆😅😂

Асалому алейкум бародарон мошини тико дар бозори Исфара хучанд чанд пул бошад

Ассаломк алейкум бародарон. Ман дина через Узбекистон Москва омдам, соати 7:50граница омдам, соати қариби 11сар додан, яъне дара кушодан ҳамма бурафт, авал 8ба гуфтан, сони 9ба сони 10ба. Просто ЖЕСТЬ, ИЗДЕВАТЬСЯ КАР ХАММАШ. НАКИ ВООООБЩЕ ПУЛ НАГИРИФТ, ки гуфта буд? 100долар митиду, 1000 сомон митидуууууу. самолёти ман 13:00буд. Аэропортба 12:55омадам хулоса дер мондам, следующий рейсба 115доллар додам, просто обидно шудде, чзеба дошта монд границы точик? Паспорт урӯс бошад СРАЗА сар додос.Ҳамма оооооофтобанда дилбазан шуд, додгӯйи бисёр шуд. А граница гузарим, дальшеш вообще проблема нашуд, бемалол гузашта бурафтим. НО Исфаранда 170сомонба анализ гирифта будам. Ӯзбакистонба НАМИШУДАС, узбеко бо гирифтан 150сомон. Аэропортанда наки ини Исфари худомоя мишад гуфт.

ҚАБРИСТОНҲО пур аз ҶАВОНОН шудаанд, ки меxостанд дар пири ТАВБА кунанд!😢😢😢

Марги андӯҳ аст, меборад.. ...""""".... Муддатест дар ҳолати лоқайдиам.Аз дарки эҳсоси назокату таровати зиндагӣ маҳрум.Тасаввур мекунам,ҳаёт танҳо аз ғусса,ашку дилфигорӣ,навмедӣ иборат асту мо нигарони рӯзи арасот,қиёматем.Корвони бераҳми марг ҳар рӯз дарҳои умеди моро бо ангуштони дурушт мекӯбад.Гулҳои қимату раъно,бебаҳою беназири ормонамонро гулчин мебарад.Ҳушёру ҳушдор аз реҳлати азизон воқиф мекунад.Мурдан шабеҳи зодан амри ҳақу қазост,аммо низоми он вайрон шуда,монанди морҳои китфони Заҳҳок чӣ ҷабре ба бани одам мекунад. Як ҳафта боз мо пайвандон ба гулдухтари соҳибҷамол,зебозани ҷавон,олиҳаи маъниву исмат ,модари се тифлаки ноболиғ Ситора Самеъзода падруд гуфта сабри ҷамил пеша кардаем. Ҷони хоҳарзодаи мо дар муҳоҷират гусаст.Яъне ба ҳукми шаҳид. Саломату хушбахт буд.Аламовар аст,баъди ду-се рӯзи беморӣ нерӯи ҳаётро бохт.Оҳо,чӣ сон хун нагирем? Кони меҳр,ганҷинаи иффат,тимсоли зебоӣ,модараки ҳалиму бонуи худодӯстдоре буд.Дар иҳотаи азизон шавҳару падару модараш чашм пӯшид. Маъвояш биҳишт,қабраш пурнур бодо илоҳо! Ворухиёни азизи муқими Новосибирск,дӯстони наҷиби мо,намояндагони муҳоҷирони Тоҷикистонии ин азиммузофот аз қабили Муаллим Суръат Зоидбоев,Диловару Иброҳим Ҷӯраеаҳо,Шавкат Зайниддинзода,Фирдавсу Лоиқ Шарофовҳо, Сулаймонҷон,Некрӯз,Мақсуд Раҳимов,дӯстони падари марҳум Рӯзибойу Зикрибой Давлатзодаҳо,Ҳаитбой Алмосзода, хешовандони шӯи раҳматӣ ҳоҷӣ Бахтовар Саидови накӯном,Абдуҷамил Умарови гиромӣ,Ховар Шодиеви олиҳиммат,боз даҳҳо азизони лоиқи эҳтирому ихлос дӯш ба дӯшу муттако ва такяи мо буданд. Ҳама падари марҳум Бобосамӣ Холиқов,шавҳари ӯ Фаридун Умарови арҷмандро,ки лахти дили худро гум карда ашки аламу нотавонӣ мерехтанд,маро,ки қудрате надоштам,сар боло кунаму ба рӯйи ҷаҳони бетараҳҳум нигарам,дилбардорӣ доштанд. Ҳамсояи мо дар Сибир,додархонди беҳтаринам Авазҷон Олимов се шаборӯз паҳлӯи ман буданду сарам то сурайё расид. Баҳромҷон Аъзамзод аз шаҳри Уст Илимск бо мо буданду чӣ хидматҳо карданд. Азизон мо таборони марҳум аз ҳар яки шумо миннатдорем.Саломату сарбаланд бошед. Илоҳо рафоқати мо тамоми умр чунин бимонад.Зеро некӣ , мемонаду бас. Ин моҳа бубин меравад лаб-лаби ҷар, Аз сӯхтани рӯш пора шудаст лахти ҷигар. Мардум мегун ҷигари садпората дӯз, Медӯзаму чок мешавад ҷои дигар.

Сайт TOP100VK.COM НЕ собирает и НЕ хранит данные. За достоверность информации сайт ответственность не несет.

Почта для жалоб: jaredgeharrmerlesch@gmail.com (удаляем страницы по первому запросу!)

Удалить содержимое страницы