Китоби дуоҳо
публичная страница
2214 подписчика
Группа Китоби дуоҳо размещена в разделе Религия. Официальный домен/сайт duoho.
Сообщество не верифицировано администрацией ВКонтакте
У сообщества нет огня Прометея
Худованд фармудааст: "Эй бандагон, пас зикр кунед Маро, то ёд кунам шуморо..."
Ҳамаи дуоҳо дар саҳифаи мазкур.
Тугмачаи "Уведомлять о записях"-ро пахш намоед, то ки аз дуову мақолаҳои нав аз ҳама пеш бохабар гардед.
Бародарону хоҳарони мӯҳтарам! Ёдовар мекунем, ки пеш аз кадоме аз ин дуову оятхои бузургро ба забон гирифтан, аввал бояд таҳорат кард ва баъд дар ҷое бояд хонд, ки покиза бошад. Ва аз ҳама муҳимаш аз Худованди бузург дуои нек кунед. Ӯ чунин шахсонро дӯст медорад ва Иншоаллоҳ ҳамавақт мадад мерасонад.
Савоб дар мохи шарифи Рамазон.
Хочат ба шархи он нест, ки дар мохи шарифи Рамазон чи гуна хар савоб якчанд маротиба афзун гардида дар дафтари аъмоли хар яки мо навишта мешавад. Андаке пеш худ ба худ ба фикр фуру рафтам ва дар дилам гаме пайдо шуд. Аз он гамгин гаштам, ки ахмият надода мондаам, ки чи тавр инкадар рузи ин мохи муборак гузаштаасту ман хануз хам ягон савоби назаррас накардаам. Тасмим гирифтам, то ки дар ин бора дар ин сахифаи дуохо навишта, дигаронро хам ёдовар намоям ва шояд ин сабаб мешаваду ягон нафаре амалхои некашро зиёд мегардонад. Бисёр сухан навиштани нестам, танхо хостам инро ёдовар кунам, ки агар савоб ва магфирати гуноххонатонро хохед, дар ин мох истифода баред ва харчи зиёдтар амалхои нек кунед аз барои Аллох. Амали нек аз сухани нек сар мешавад. Сухани нек садака аст, касеро хурсанд кардан садака аст, ба касе кумак кардан садака аст. Хатто аз корхои гунох худро нигох доштан ин савоб хисоб мешавад.
Бародарон ва хохарон, бовар кунед Аллох ба холи мо бехад ва бехад мехрубон аст. Шумо агар дар гаму мусибат бошеду фикр кунед, ки танхоед, хато мекунед, зеро У - Аллохи мехрубон бо шумост. Дар хама холат Худованд ба шумо аз хама наздиктар аст. Сонияе нест, ки Аллохи бузург ба мо рахм накарда бошад. Хар як таппиши дили мо бо хости Уст, хар нафасе ки мо мекашем бо хости Уст, хар чизе ки дар хаёт ба даст овардаем неъматхои Уст. Хама гуна хурсандихоро ба хаётамон У меорад ва хама гаму андухро аз хаётамон У мебарад. Аз хамин сабаб танхо ба суи У дасти дуо бардошта, аз сидки дил дуо кунед. Бигзор хамин суханхо моро боз якбори дигар хотиррасони он кунанд, ки шукри бепоёнро ба Худои Рахмон кунем, амалхои некро дучанд кунем ва ба суи ризогии Худои оламиён харакат намоем. Худованд дар панохаш хамаамонро нигахбон бошад, ва Илохо хамин солро соли саршавии хушбахтию пешравихои хамаамон гардонад. Омин!
Дуо барои халос шудан аз мушкилӣ.
Аз Абўбакр (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с.а.с) фармуданд: «Дуое, ки шахси парешонҳол онро бояд бихонад, ин аст:
"Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим.
Аллоҳумма раҳматака арҷу фало такилнӣ ило нафсӣ тарфата ъайнин ва аслиҳ лӣ шаънӣ куллаҳу ло илоҳа илла Анта".
Тарчума: Худовандо! Раҳмататро умед дорам, пас миқдори як чашм
ба ҳам задан ҳам маро ба ҳоли худ нагузор ва тамоми корҳоямро
ислоҳ кун, нест маъбуде барҳақ ба ҷуз Ту.
Барои осоншавии ҳар гуна душворӣ дуои зайл низ аз Паёмбар (с.а.с) ривоят шудааст:
"Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим. Аллоҳумма ло саҳла илло мо ҷаъалтаҳу саҳлан ва Анта таҷъалу-л- ҳазана изо шиъта саҳлан.
Тарчума: Худовандо! Ҳеҷ осоние нест, магар он, ки Ту осонаш гардонӣ ва Ту ҳар гоҳ, ки хоҳӣ, ғаму парешониро осон мегардонӣ.
Дуои бузурге, ки аз як калима иборат мебошад.
Дуое, ки аз як калима иборат мебошад, аммо таъсираш бузург аст ин «Астағфируллоҳ» мебошад.
Фармони Худои оламиён бар бандагонаш.
Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим.
Худои раҳмон фармудааст:
«Эй бандагони Ман, ҳамоно ман зулмро бар Худам ҳаром гардонидам ва онро дар байни шумо низ ҳаром гардонидаам, пас ба ҳамдигар зулм накунед! Эй бандагони Ман,
ҳамаи шумо гумроҳед, магар касе, ки ўро ҳидоят кардаам, пас аз Ман роҳи рост талаб
кунед, то шуморо роҳнамоӣ бикунам. Эй бандагони Ман, ҳамаи шумо гуруснаед, магар
касе, ки ўро таом додаам, пас аз Ман хўрданӣ талаб кунед, то шуморо бихўронам. Эй
бандагони Ман, ҳамаи шумо урёнед, магар касе, ки ўро пўшонидаам, пас аз Ман пўшиш талаб кунед, то шуморо бипўшонам. Эй
бандагони Ман, ба дурустӣ, шумо шабу рўз хато мекунед ва Ман бошам ҳамаи гуноҳонро
мебахшам, пас аз Ман омурзиш талабед, то шуморо биомурзам...»
Ин ҳадиси Муслим аст, ки Пайғамбари Худо (с.а.с) аз Парвардигори
Ғолибу Тавоно чунин ривоят кардааст.
Дуо барои эмин мондан аз бемориҳои вазнин.
Сураи "Луқмон".
Рӯзи ҷумъа - беҳтарин рӯзи ҳафта. Мутобиқи ҳадис, дар рӯзи ҷумъа соате ҳаст, ки агар дар он соат банда дуо кунад, дуояш бо фармони Худованди тавоно мустаҷоб мегардад. Аммо ҳеҷ касе намедонад, ки кадом вақт ин соат мешавад. Аз ҳамин сабаб, бояд ки дар рӯзи ҷумъа пеш аз ҳама ғусл намуд ва намозҳоро (алхусус намозҷумъаро) дар вақташ хонд ва садақаву корҳои хайрро махсусан зиёд намуда, дуо хеле зиёд намуд. Шунидану хондани "Қуръон" ҳам дар ин рӯз хеле муфид аст ва инро ҳадисҳо тасдиқ мекунанд.
Ба шумо имрӯз сураи 31-уми "Қуръон"-ро бо тарҷумаи форсӣ пешниҳод менамоем. Бо диққат онро гӯш диҳед, суханҳову фармонҳои Худои оламиёнро дар ин сураи муборак аҳмият диҳед, зеро дар ҳақиқат ин сура мисли дигар сураҳои "Қуръон" хеле таъсирбахшу пандомез аст.
Дуое, ки ҳар субҳу шом бояд хонда шавад.
Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармоянд: Оё ба шумо нишон диҳам дуое ҳар гоҳ онро бихонед, Худованд ҳамму ғам ва қарзи шуморо бартараф созад? Пас ҳар субҳу шом ин дуоро бихонед. Дуо ин аст:
"Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим.
Аллоҳумма иннӣ аъузу бика минал-ҳамми вал-ҳазани, ва аъузу бика минал-аҷзи вал-касали, ва аъузу бика минал-ҷубни вал-бухли, ва аъузу бика мин ғалабатид-дайни ва қаҳрир-риҷол".
Тарҷума: Худоё, аз ҳамм, ғам, нотавонӣ, танбалӣ, тарс, бухл, қарз ва қаҳру ғазаби одамони бадниҳод ба Ту паноҳ мебарам.
(Ин ҳадисро Ибни Моҷа ва Ҳоким аз Абӯҳурайра (р.а) ривоят кардаанд).
Фазилати "Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим".
Дар ривояте аз Ибни Мардвайҳ омадааст, ки Расулуллоҳ (с.а.с) фармуданд: "Бар ман ончунон ояте нозил шудааст, ки ба ғайр аз Ҳазрати Сулаймон бар пайғамбари дигаре нозил нашудааст ва он "Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим" аст".
Ҳазрати Ҷобир (р.а) мефармояд: Вақте ки ин оят нозил шуд:
1. Абрҳо ба тарафи машриқ рангин шуданд.
2. Ҳавоҳо сокин гардиданд.
3. Дарёҳо сокин шуданд.
4. Ҳайвонот гӯш фаро доданд.
5. Дар осмонҳо бар шайтонҳо шӯълаҳои оташ андохта шуд.
6. Худованд бар азаматаш савганд ёд намуд, ки "Бар ҳар чиз номи Ман гирифта шавад, он чиз бобаракат хоҳад шуд".
Дар ҳадисе омадааст, ки "Ҳар коре, ки бе "Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим" оғоз гардад, бебаракат хоҳад буд".
Сайт TOP100VK.COM НЕ собирает и НЕ хранит данные. За достоверность информации сайт ответственность не несет.
Почта для жалоб: jaredgeharrmerlesch@gmail.com (удаляем страницы по первому запросу!)
Удалить содержимое страницы
+
Отправка жалобы
Пожалуйста, сообщите нам причину, по которой страница https://top100vk.com/group/77109705/ должна быть проверена.